БОВИҶДОНИИ ИШТИРОКЧИЁН ҲАМЧУН УСЛУБИ ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲОИ ҲУҚУҚӢ-МАДАНӢ
Ҳамчун анъана ба сифати яке аз сарчашмаҳои ҳуқуқ меъёрҳои ахлоқие, ки бо устуворӣ ва суботнокии худ байни одамон маъмул гаштаанд, баромад мекунанд. Вале барои ба меъёрҳои ҳуқуқӣ табдил ёфтани онҳо мутобиқат кардан ба консепсияи сиёсати ҳуқуқии давлат яке аз шартҳои асосӣ мебошад. Агар сухан дар бораи то дараҷаи принсипи ҳуқуқӣ баланд бардоштани эътибори онҳо равад ин фаъолияти хеле мураккаб ва тӯлонӣ мебошад. Чунки хусусияти асосии принсипи ҳуқуқӣ қатъият ва якмаъною бечунучаро татбиқ намудани оқибатҳои ногувори ҳуқуқии риоя нагаштани онҳо бе баррасии масъала дар мурофиаи судӣ мебошад. Яъне зарурати ҳимояи судӣ барои барқарор кардани ҳуқуқ ва манфиатҳрои қонунии вайроншуда ё баҳснок намешавад. “ Бовиҷдонӣ ” ва “накӯкорӣ” категорияҳои фалсафӣ-ахлоқӣ бошанд ҳам, дар муносибатҳои ҳуқуқӣ-маданӣ аҳаммияти калон доранд, зеро диспозитивият (ихтиёрдории озод) дар аксарияти мавридҳо омили асосии танзим гаштани онҳо бе дахолати қувваи маҷбуркунии давлатӣ мебошад. Барои ҳамин муаллиф кӯшиш кардааст зарурати то дараҷаи принсипи ҳуқуқи маданӣ баровардани меъёрҳои ҳуқуқии ин категорияҳоро танзаимкунандаро асоснок намояд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 100, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП