Central AsianResearch Index

БОБОҶОН ҒАФУРОВ – МУАРРИХ ВА ХОВАРШИНОСИ МАЪРУФ

Академик Бобоҷон Ғафуров аз зумраи он олимони таърихшинос мебошанд, ки анъанаҳои устоди бузурги хеш Садриддин Айнӣ ва тоҷикшиносони асил В.В. Бартолд, М.С. Андреев, А.А. Семёновро давом дода, дар самти омӯхтани таърихи халқи тоҷик ҳиссаи ниҳоят калон гузоштаанд ва асарҳои мавсуф таҳқиқоти беҳтарин оид ба таърихи Тоҷикистон, инчунин дар омӯзиши халқҳои Осиёи Миёна ва таърихи мардуми Машриқзамин мебошанд. Бобоҷон Ғафуров ба душвориҳои зиёд нигоҳ накарда ба омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихи халқи худ ҷиддан камари ҳиммат бастааст, ки ин амалкард дар натиҷа ба як қатор дастовардҳои бузургу беназир ва ба манфиати миллати барӯманди тоҷик мубаддал гардиданд. Лозим ба тазаккур аст, ки донишманди мумтози халқи тоҷик , нобиға ва фарзанди фарзонаи миллат , академики сатҳи ҷаҳонӣ, устод Бобоҷон Ғафуров яке аз аввалин шахсиятҳое мебошанд, ки барои муаррифии миллати тоҷик умри пурбаракати худро сарф карда, ба омӯхтани таърихи халқи мутамаддини тоҷик шуруъ намудаанд. Ҷасорату мардонагӣ ва ватанпарастӣ ба мавсуф имконият фароҳам оварданд, ки дар ҷодаи пешгирифтаи худ муваффақ шавад ва бузургии халқи тоҷикро дар назди ҷумҳуриҳои гуногунмиллати собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба таври басо ҳам шоиставу боиста нишон диҳад ва ҳамзамон исбот намояд, ки тоҷикон аз табори бузургоне маҳсуб меёбанд, ки дорои таърихи пурғановат ва соҳибтамаддуни олам мебошанд. Калидвожаҳо:

Сведения

Журнал
Historian
Опубликовано
2023 · № 4 (36)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2709-7382
Издатель
ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА