БЕМУОДИЛИИ ВОҲИДҲОИ ДАСТУРӢ ДАР ЗАБОНҲОИ АНГЛИСӢ ВА ТОҶИКӢ (ДАР МИСОЛИ ҲИССАҲОИ НОМИИ НУТҚ)
Бемуодилии воҳидҳои дастурии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ дар мисоли ҳиссаҳои номии нутқ баррасӣ шудааст. Қайд карда мешавад, ки бемуодилӣ ҳамчун ҳолате, ки дар он воҳиди дастурӣ ё луғавӣ дар забони мақсад муодили мустақим надорад, мавқеи марказиро дар таҳқиқ ишғол менамояд. Хусусиятҳои грамматикии категорияҳои шумора, муайянӣ-номуайянӣ, падеж, дараҷаҳои сифат ва истифодаи артиклҳо ва ҷонишинҳоро дар ин ду забон мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Таҳқиқ нишон медиҳад, ки ҳарчанд дар байни низомҳои дастурии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ умумиятҳо мавҷуданд, инчунин тафовутҳои амиқ, бахусус дар воситаҳои ифодаи мафҳумҳои муайянӣ-номуайянӣ, сохтори шаклҳои ҷамъ, сохтҳои изофӣ ва низоми дараҷаҳои сифат мушоҳида мешаванд. Ин гуна тафовутҳо бемуодилии воҳидҳои дастуриро ба вуҷуд меоранд, ки дар раванди тарҷума нақши муҳим мебозанд. Натиҷаҳои таҳқиқ барои забоншиносӣ, назарияи тарҷума ва омӯзиши муқоисавии забонҳо муфид мебошанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 104, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП