Central AsianResearch Index

БАЪЗЕ ВИЖАГИҲОИ ЗАБОНИИ “ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ”

Дар заминаи маводи гирдомада забону услуби “Таърихи Байҳақӣ” -и Абулфазли Байҳақӣ дар мисоли корбурди ғайриодии вожаҳои гуногунсохтор баррасӣ гардида, ҳунари волои нависанда дар ифодаи матлаб нишон дода шудааст. Қайд карда мешавад, ки як вижагии забони “Таърихи Байҳақӣ” дар шакли такрор ва ба маънои ғайриодӣ истифодашавии воҳидҳои луғавӣ аст. Агарчи дар байҳақишиносии сатҳи ҷаҳонӣ аз тарафи пажуҳишгарон то ҳол доир ба ҷанбаи мухталифи «Таърихи Байҳақӣ» як силсила таҳқиқот ба табъ расидааст, вале наметавон омӯзиши хусусиятҳои забонии ин асари мондагорро анҷомёфта ҳисоб кард. Бо вуҷуди ин, чунонки қайд шуд, наметавон хулоса кард, ки тамоми вижагиҳои ин асар аз тарафи аҳли таҳқиқи бо кулли ҷузъиёташ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Яке аз чунин хусусиятҳои намоёни он аз ҷониби муаллифи асар ба маъноҳои ғайриодӣ истифода кардани унсурҳои луғавие аст, ки дар осори дигар адибон ба чунин маъно дучоргардии онҳо амри маҳол аст. Бояд гуфт, ки дар таърихномаи Байҳақӣ на танҳо калимаҳои аслии тоҷикии нодир, балки унсурҳои луғавии забонҳои дигаре низ вомехӯранд, ки дар хусуси асли баромадашон байни муҳаққиқон ихтилофи фикр вуҷуд дорад. Муаллиф ба хулосае омадааст, ки Абулфазли Байҳақӣ на танҳо дар эҷоди калимаҳои мухталифшакл маҳорати беназир дорад, балки ҳунари ӯ боз дар он зоҳир гардидааст, ки ин гуна унсурҳои луғавиро ба маъноҳои нодир мавриди истифода қарор додааст. Дар қатори калимаҳои гуногунсохт дар асар миқдори зиёди зарбулмасалу мақол ба кор рафтаанд, ки доро як маънои мушаххас ё чанд маънои ғайриодӣ ҳастанд.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 11, № 3 (соц.-гум.)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3078-395X
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан