Central AsianResearch Index

БАЪЗЕ ВИЖАГИҲОИ ЛЕКСИКАИ ТОҶИКИИ «МУҚАДДИМАТ-УЛ-АДАБ»-И ЗАМАХШАРӢ

Бархе аз вижагиҳои лексикаи тоҷикии “Муқаддимат-ул-адаб”-и Замахшарӣ-яке аз фарҳангҳои дузабонаи арабӣ-форсӣ, ки дар он лексикаи тоҷикӣ дар рангу таровати хосе дида мешавад, баррасӣ шудааст. Зикр гардидааст, ки аксар калимаҳои тоҷикии дар фарҳанг омада алҳол низ дар лаҳҷаҳои мухталифи забони муосири тоҷикӣ дучор мешаванд ва ин нукта, аз як тараф, аз огоҳии муаллифи фарҳанг аз забони зиндаи халқ шаҳодат диҳад, аз ҷониби дигар арзиши фарҳангро дар муайян кардани масоили марбут ба лаҳҷашиносии таърихӣ ва ташаккули забони зиндаи халқ дар замони муаллиф таъйин месозад. Таъкид шудааст, ки дар фарҳанг калимаҳои бо пешванд сохта шуда нисбат ба калимаҳои бо пасванд сохта камтар ба мушоҳида мерасанд. Ҳамчунин дар фарҳанг теъдоди калимаҳои мураккаб аз калимаҳои сохта бештар аст. Қисмати калони лексикаи тоҷикии фарҳангро ибораҳои синтаксисӣ, аз ҷумла ибораҳои изофӣ ташкил мекунанд. Дар шарҳу тавзеҳ муаллифи фарҳанг ҳамчунин ҷумлаҳои содаи дутаркиба ва ҷумлаҳои мураккаби тобеъро мавриди истифода қарор додааст.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 94, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП