БАЪЗЕ ВИЖАГИҲОИ КОРБУРДИ МУРОДИФОТ ДАР АШЪОРИ САЙФУДДИНИ ИСФАРАНГӢ
Муродифоти ашъори Сайфуддини Исфарангӣ шоири маъруфи нимаи дувуми қарни XII ва нимаи якуми садаи XIII ба доираи таҳлил кашида шудааст. Қайд шудааст, ки дар миёни пажуҳандагони бисёр, танҳо камтари муҳаққиқони сабки шоир ба усулҳои интихоби вожагони ҳаммаъно дар ашъори вай назар доштаанд. Аз ин рӯ, таҳқиқи мустақиле дар бораи баррасии калимоти ҳаммаъно дар ашъори шоир то ҳол сурат нагирифтааст, ки мавзуи меҳварии мақола ба он пайванд гирифтааст. Зикр гардидааст, ки Сайф бо аносири луғавии гуногун вожаҳои ҳаммаъно сохтааст. Вай дар ҳаммаъносозӣ илова ба истифода аз муродифоти забон худ таркибот ва ҷумлаҳои ҳаммаънӣ месозад. шоир дар истифода аз вожагони ҳаммаъно ба тобишҳои мухталифи маъноии ҳар вожа диққати махсус медиҳад. Сайфи Исфарангӣ вожаҳои мутародифро на дар як мисраъ балки дар байтҳои гуногун меорад.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 106, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП