Central AsianResearch Index

БАЪЗЕ МУЛОҲИЗАҲО РОҶЕЪ БА ТАЪМИНИ СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сиѐсати гендерии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Дар асоси сарчашмаҳо ва адабиѐти илмӣ-оммавӣ муҳимтарин паҳлӯҳои вазъи ҳуқуқиву иҷтимоии мардону занон, ҷалби занон ба фаъолияти сиѐсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, амалишавии сиѐсати гендерӣ, баланд бардоштани нақш ва мақоми занон, фаъолияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлилҳо доир ба зуҳуроти нобаробарии марду зан, ташкили низоми давлатии ҳимояи иҷтимоии занҳо мухтасар баррасӣ гаштаанд. Таъкид гардидааст,ки ба таъмини баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 таъсири манфӣ расонидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1998 Нақшаи миллии амлиѐтро дар ҷодаи баланд бардоштани нақш ва мақоми занон роҳандозӣ намуда, дар ин самт даҳҳо барномаву стратегияҳо қабул намудааст. Дар бораи афзудани нақши занон дар ҷомеа далелҳои мушаххас оварда шудааст.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 2 (87)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП