БАЪЗЕ МУЛОҲИЗАҲО РОҶЕЪ БА МУБТАДО ДАР ЗАБОНҲОИ АНГЛИСӢ ВА ТОҶИКӢ
Баъзе мулоҳизаҳо роҷеъ ба мубтадо дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ баррасӣ карда шудааст. Таърифҳои сершуморе, ки роҷеъ ба мубтадо мавҷуданд, ба риштаи таҳлил кашида шудаанд. Фикру мулоҳизаҳои мутахассисони забони англисӣ ва забоншиносони тоҷик дар бораи мақом ва мавқеи сараъзои ҷумла – мубтадо ва хабар таҳқиқ гардидааст. Зикр шудааст, ки роҷеъ ба ин масъала дар забоншиносӣ андешаҳои мухталиф мавҷуданд: як қисми олимон ҷонибдори дар ҷумла узви асосӣ будани хабар мебошанд; олимони дигар мубтадоро қисми асосии ҷумла мешуморанд; гурӯҳи севуми забоншиносон тарафдори “баробарӣ”-и мавқеи хабару мубтадо дар ҷумла мебошанд.Таъкид гардидааст, ки дар сохтори сатҳии ҷумла , мубтадо метавонад ҳазф шавад ё тамоман иштирок накунад. Аммо дар сатҳи умқӣ, мубтадо мавҷуд аст ва он аз контекст ё вазъияти муоширати шифоҳӣ муайян карда мешавад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 102, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП