Central AsianResearch Index

БАЪЗЕ МУЛОҲИЗАҲО ДАР БОРАИ «МАРЗБОННОМА» ВА МУАЛЛИФИ ОН

Яке аз намунаҳои ҷолиби насри пандуахлоқии форсӣ-тоҷикӣ – «Марзбоннома» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ки дар асри IX бо лаҳҷаи табарӣ аз ҷониби яке аз давомдиҳандагони сулолаи Бовандиҳо – Марзбон ибни Шарвин эҷод шудааст. Дар асри XII, тақрибан дар як асру замон, ду нусхаи мустақили бознависишуда: 1) «Равзат-ул-уқул», мутааллиқ ба қалами вазири подшоҳи Рум – Муҳаммад ибни Ғозӣ Ал-Малатиявӣ ; 2 ) «Марзбоннома» -и Саъдуддини Варовинӣ , ки бо хоҳиши вазири Атобаки Озарбойҷон – Хоҷа Абулқосим Рабибуддини Ҳорун ибни Алӣ ба миён омада, бад-ин васила асли асари номбурда барои насли минбаъда ҳифзу нигаҳдорӣ шудааст. Таъкид гардида, ки ҳар ду асар бо усули ҳикоят андар ҳикоят созмон ёфта, аз лиҳози сабк шабеҳи «Калила ва Димна» мебошанд. Ҳамчунин, дар хусуси дастхатҳои дар китобхонахои гуногуни олам маҳфузбуда ва тарҷумаҳои асар ба забонҳои туркиву арабӣ маълумот дода шудааст. Қайд гардида, ки «Марзбоннома» ба ҷуз арзиши адабӣ, дорои аҳаммияти бузурги таърихӣ мебошад.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 100, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП