Central AsianResearch Index

БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚИ ҶИНОЯТӢ ДАР ДАВЛАТИ СОМОНИЁН

Дар мақола баъзе масъалаҳои ҳуқуқи ҷиноятии давлати Сомониён мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст. Муаллифон, зимни таҳқиқи андешаҳои олимони ватанию хориҷӣ ва қонунгузории ватанӣ вижагиҳои ҷазои ҷиноятиро дар давлати Сомониён баррасӣ кардаанд. Зимни таҳқиқот муаллифон ба хулосае омаданд, ки дар радифи сарчашмаҳои ҳуқуқи мусулмонӣ, аз ҷумла Қуръон, суннат, иҷмоъ, истеҳсон, қиёс, фатво ниҳоди урф амал менамуд, ки дар татбиқи ниҳоди ҷазо таъсиргузор буд. Дар ҳуқуқи ҷиноятии давлати Сомониён дар қатори ҷазоҳои ҳадд, қасос (дия) ва таъзир ҷазоҳои хоси низоми ҳуқуқии Сомониён ба мисли ҳукми қатл , маҳрум сохтан аз озодӣ, ҷарима, ҷазои ҷисмонӣ ва мусодираи молу мулк ба кор бурда мешуданд, ки, аз яктараф ба ҳуқуқи мусулмонӣ, аз тарафи дигар ба низоми ҳуқуқии зардуштӣ такя менамуданд. Дар паҳлуи ислом динҳои тоисломӣ – будоӣ, зардуштӣ ва ғайра тарафдорони худро доштанд. Далели дигар он аст, ки зербинои ташаккул ва инкишофи низоми давлати Сомониён сирф мусулмонӣ набудани низоми ҳуқуқии давлати Сомониёнро асоснок менамояд. Бинобар ин, дар қатори сарчашмаҳои мусулмонӣ, одатҳо ва урф низ нақши калидӣ дошта, дар давлати Сомониён амал менамуданд. Дар ибтидои давлатдории Сомониён дар қатори меъёрҳои шариат барои содир кардани ҷиноят он намудҳои чазоҳое, ки дар ҷамъиятҳои динии зардуштиён вуҷуд дошт ва дар Қонунномаи Сосониён зикр гардидаанд, амал менамуд.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 1, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3079-1758
Издатель
Таджикский педагогический институт в Раштском районе