БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ТАШАККУЛИ ИНСТИТУТИ НИКОҲ ДАР НИЗОМИ ҲУҚУҚИ ШУРАВӢ
Дар мақола масъалаи баъзе масъалаҳои ташаккули институти никоҳ дар низоми ҳуқуқи шуравӣ марвиди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф, зимни таҳқиқоти худ андешаҳои олимони ватанию хориҷиро омӯхта, баъзе масъалаҳои муҳими муносибатҳои оилавию никоҳро тибқи низоми ҳуқуқии шуравӣ зери таҳқиқоти худ қарор додааст. Дар натиҷаи таҳқиқот муаллиф хулоса намудааст, ки қонунгузории шуравӣ оид ба никоҳ як марҳилаи пурпечутоби таърихӣ ва инкишофро аз сар гузаронида, дар байни солҳои 1917-1970 як қатор санадҳои ҳуқуқии ҷудогонаро фаро мегирад. Қонунгузории шуравӣ дар соҳаи никоҳ танҳо дар солҳои 70-ум бо қабули Кодекси ҶШС Тоҷикистон оид ба никоҳ ва оила ва Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон дар сатҳи лозима муносибатҳои ҳуқуқиро оид ба никоҳ мавриди танзим қарор дода, нисбат ба санадҳои қаблан қабулгардида муккамал ба ҳисоб мерафтанд. Далели муккамалии ин санадҳо дар он ифода мегардад, ки онҳо то қабули нахустин санадҳои ҳуқуқии даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон амал кардаанд.
Сведения
- Журнал
- Bulletin of the Tajik Pedagogical Institute in Rasht District. Law, History and Economics Series
- Опубликовано
- 2024 · Т. 1, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3079-1758
- Издатель
- Таджикский педагогический институт в Раштском районе