Central AsianResearch Index

БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ТАНЗИМИ БОЗОРИ МЕҲНАТ: НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯ

Дар мақолаи мазкур модели таҷрибаи хориҷии омезиши усулҳои бозорӣ ва давлатии танзими бозори меҳнат баррасӣ гардидааст. Дар мақола як қатор хусусиятҳои фарқкунандаи бозори меҳнатии мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон дар шароити ҷаҳонишавӣ ошкор карда шуда, дар асоси таҳқиқи вазъи имрӯзаи бозори меҳнат , моделҳои нави танзими бозори меҳнат баён гардидааст. Сиёсати давлатии танзими бозори меҳнат дар мақола ҳамчун маҷмӯи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар соҳаи такрористеҳсолот, мубодила ва истифодаи меҳнат баррасӣ карда шуда, нақши ҳукумату давлат оиди танзими давалтии бозори меҳнат ошкор карда шудааст. Зикр карда шудааст, ки барои коркарди сиёсати самаранок, пеш аз ҳама омӯзиши таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ зарур мебошад, ки онҳо дар ин самт муваффақиятҳои назаррасро ноил гардидаанд. Омӯзиши таҷрибаи давлатҳои 423 тараққикард ба мо имкон медиҳад, ки модели санҷидашудаи танзими бозори меҳнатро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард намоем. Ҳамчунин, аз тарафи муаллиф пешниҳодҳо дар самти ноил гардидан ба танзими самараноки бозори меҳнат , интихоби сиёсати мутавозини шуғл, усулҳои бозорӣ ва танзими давлат дар якҷоягӣ мавриди истифода ва татбиқ қарор гирифтааст.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 2.1 (31)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет