Central AsianResearch Index

БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ТАЉРИБАИ ХОРИЉИИ ТАЪМИНИ ЗАХИРАВИИ РУШДИ МИНТАЌАВЇ

Маќолаи мазкур ба яке аз масъалаҳои мубрами низоми иќтисоди бозорї, яъне истифодаи таљрибаи давлатҳои тараќќикарда, аз љумла Иттиҳоди Аврупо дар таъмини рушди иќтисодиѐти минтаќавї бахшида шудааст. Муаллиф наќши давлатро дар шароити муносибатҳои бозорї, дар самаранок истифодабарии захираҳои иќтисодї дар минтаќаҳои Љумҳурии Тољикистон таҳлилу баррасї намуда, истифодаи таљрибаи давлатҳои тараќќикардаро мисол овардааст. Амалишавии ин ҳадафҳо омўзиши назарияҳо ва консепсияҳои гуногуни илмиро таќозо менамоянд. Дар шароити таносуби ноустувори фароҳамомада дар љаҳони муосир наќши сиѐсати давлатӣ дар дастгирии буљетию молиявї ва сармоягузории вилояту минтаќаҳои кишвар бо маќсади баробарсозии сатҳи рушди онҳо баландтар мегардад. Дар ин вазъият танзими давлатии рушди иќтисодии минтаќаҳо тавассути татбиќи моделҳои пешрафтаи давлатҳои мутараќќї метавонад суботи иќтисодии минтаќаҳои кишварро таъмин намояд. Вазифаи асосие, ки дар назди мо меистад, ин амалї намудани таљрибаи самараноки мамлакатҳои мутараќќї дар рушди иќтисодии минтаќавї ва ташкил намудани фондҳои махсуси давлатї ва байналмилалї барои рушди минтаќаҳои мамлакат мебошад.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 1 (30)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет