БАЪЗЕ МАСЪАЛАЊОИ НАЗАРИЯВИИ ТАШАККУЛЁБЇ ВА РУШДИ ТУРИЗМ
Дар маќола масъалањои назариявии ташаккулёбии туризм баррасї гардидааст. Соњаи сайёњї комплекси байнисоҳавӣ ба њисоб рафта, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро муттаҳид мекунад. Бинобар ин, дар маќола моњияти туризм , пайдоиш ва тамоюли рушди он, мафњумњои туризм , саноати сайёҳӣ, иқтисодиёти сайёњї ва хусусиятњои хоси фаъолияти туризм муайян шудааст. Ќайд карда мешавад, ки сайёњї таърихи тўлонї дошта, ҳамчун падидаи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ то ҳол таърифи ягона пайдо накардааст. Моњияти сайёњї ва мафњумњои асосии он дар соҳаҳои муайяни иқтисодиёт, сотсиология, фарҳангшиносӣ ва ҷуғрофия таҳия шудаанд. Иқтисодшиносон туризмро аз рӯи саҳми он дар рушди иқтисоди миллї, талабот ва пешниҳод, тавозуни пардохт, нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодӣ ва шуғл баррасӣ кардаанд. Њамчунин, дар маќола диќќати махсус ба тадќиќоти аќидаи олимони гуногун оид ба пайдоиш ва масъалањои назариявию методологии ташаккулёбии туризм дода шудааст. Дар асоси омўзиши таърифҳои гуногуни сайёњї аз сарчашмаҳои гуногуни илмӣ, оморї ва таълимӣ, муаллиф нуќтаи назари хешро перомуни ташаккулёбии туризм пешнињод менамояд.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 4.1 (29)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет