Central AsianResearch Index

БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРИЯВИИ ПАЙДОИШ ВА ТАШАККУЛЁБИИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ

Дар мақола масъалаҳои пайдошавии бонкҳо ва ташаккулёбии он ҳамчун институти молиявӣ дар низоми муносибатҳои иқтисодӣ баррасӣ мегардад. Рушди низоми бонкӣ марҳилаҳои мухталифу мураккабро тай намуда, дар фаъолияти хоҷагидории ҳар як кишвар шарти муҳим ба шумор меравад. Қайд мегардад, ки ки фаъолияти бонкҳо хеле гуногун аст ва дар шароити хозира онҳо на танҳо ҳаракати пулиро ташкил мекунанд, балки ба фаъолона азхуд намудани намудҳои нави амалиёт дар бозорҳои суғурта ва фондӣ, трест, хизматрасонии машваратӣ ва дар бунёди корхонахои худӣ машғул мебошанд. Диққати махсус ба пайдоиш, рушд ва ақидаҳои олимони ватаниву хориҷӣ перомуни нақши бонкҳо дар иқтисодиёт ва умуман хоҷагии ҷаҳонӣ равона гардидааст. Таҳлили масъалаҳои назариявии фаъолияти бонкҳо барои ошкор намудани муаммоҳо ва такмили рушди минбаъдаи он барои таҳкими муносибатҳои молиявӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 2.1 (41)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет