Central AsianResearch Index

БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРИИ ШИНОХТИ ИСТИЛОҲОТ

Дар пажӯҳиши илмӣ як қатор масъалаҳои назарии шинохти истилоҳот ҳамчун воҳидҳои махсуси луғавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Аз ҷумла ба системаи лексикаи забон таалллуқ доштан ва объекти мустақили таҳқиқи илми забоншиносӣ будани истилоҳот таъкид гардидааст. Муаллиф хусусияти асосии фарқунандаи истилоҳотро аз дигар воҳидҳои луғавӣ дар алоқамандии онҳо бо консепсияи илмӣ ном бурдааст. Ба андешаи ӯ, мақоми забонии истилоҳ ба мафҳуми ин ё он соҳи илму донишро ифода намудан ва дар зери таъсири ҳамон соҳаи илму дониш қарор доштани он вобаста мебошад. Пайдоишу ташаккули истилоҳот дар ин ё он соҳаи илм ба пешрафту тараққиёти ҳамон соҳаи илм имконпазир дониста шудааст. Чунин воҳидҳои луғавӣ, пеш аз ҳама, воситаи муҳимми ҳамгироии илм дар забон буда, дар ташаккули назарияву, қонунҳо, принсипҳо ва муқаррароти илмӣ нақши муҳим мебозанд. Зимни омӯзишу баррасии масъалаҳои назарии истилоҳу истилоҳшиносӣ муҳаққиқ ба чунин натиҷа мерасад, ки истилоҳшиносии илми замони нав маҷмуи қабати лексикии ба таври сунъӣ шаклгирифта мебошад ва ҳар як воҳиди луғавии он барои истифода маҳдудияти муайян ва барои мавҷудияту ташаккул шароити мувофиқ дорад. Сунъӣ будани истилоҳ ҳамчун воҳиди лексикии махсус алоқаи ҳатмии онро бо мафҳуми соҳаи муайяни илму дониш ва ворид гардидани онро ба арсаи терминологиро таъмин менамояд, ки дар он ҳамаи истилоҳоти ҳамон соҳа байни худ ба системаи муайяни терминологӣ вобаста мебошанд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 5 (118)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни