Central AsianResearch Index

БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ИЛМИВУ НАЗАРИЯВИИ РУШДИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА

Дар мақола масъалаҳои арзёбии илмиву назариявии рушди соҳибкории хурду миёна дар шароити иқтисоди бозоргонӣ баррасӣ шудааст. Дар асоси таҳлилҳои мухталифи намояндагони мактабҳои гуногуни иқтисодӣ оиди ташаккулёбии соҳибкории хурду миёна хулосаҳои умумӣ бароварда шуд. Қайд карда шуд, ки соҳибкорӣ ҳамчун омили муҳими рушди фаъолияти хоҷагидории ҳар як кишвар дар шароити бозор барои ҳалли бисёр масъалаҳои иқтисодӣ заминаи устувори тиҷоративу истеҳсолӣ мегузорад. Диққати махсус ба масъалаҳои назариявии рушди соҳибкории хурду миёна , нақши он дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва ба таҳлили ҳамаҷонибаи он дар шароити бозор равона гардидааст. Дар мақола инчунин таъкид шудааст, ки нақши соҳибкории хурду миёна на танҳо барои гирифтани фоида равона гардидааст, балки барои таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи накуаҳолии кишвар нигаронида шудааст.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 4 (43)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет