БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ РУШДИ БАРНОМАВИИ МИНТАҚАҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар мақола асосҳои илмию назариявии рушди барномавии минтақаҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Методологияи рушди минтақа дар умумияти ратсионалии фазои муайяни иқтисодиву географӣ зоҳир мегардад, ки дорои захираҳои моддӣ ва низоми иҷтимоиву иқтисодӣ буда, дар он унсурҳои алоҳида бо сохтор, вазифаҳо, алоқаҳо бо муҳити беруна ташкилоти муайянро бунёд менамоянд. Инчунин, дар мақола қайд гардидааст, ки рушди иқтисодӣ шарти асосии инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа ба ҳисоб меравад ва худи минтақа аз бисёр ҷиҳат аз он вобаста аст. Аз ин хотир, бадастории суръати баланди рушди иқтисодӣ дар алоқамандӣ бо вазифаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 3 (32)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет