БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲДУД КАРДАНИ ОЗОДӢ
Дар мақола баъзе масъалаҳои иҷрои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф, зимни таҳқиқоти худ, андешаҳои олимони ватанию хориҷӣ ва меъёрҳои қонунгузориро таҳлил намуда, проблемаҳои иҷрои ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ таҳлил ва муайян намудааст. Муаллиф ба чунин хулоса омад, ки дар назария ва амалияи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ , махсусан дар раванди ҳуқуқтатбиқкунӣ проблемаи иҷрои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ ва мушкилоте, ки дар ин самт ба вуҷуд меояд, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад. Лозим ба зикр аст, ки гуманизатсияи қонунгузории ҷиноятӣ ба як тамоюли ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ҷазоҳои бо ҷудо нигоҳ доштани маҳкумшуда аз ҷомеа вобаста намебошанд дар тамоми ҷаҳон инкишоф меёбанд ва Тоҷикистон низ дар ин радиф истисно нест.
Сведения
- Журнал
- Bulletin of the Tajik Pedagogical Institute in Rasht District. Law, History and Economics Series
- Опубликовано
- 2024 · Т. 1, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3079-1758
- Издатель
- Таджикский педагогический институт в Раштском районе