Central AsianResearch Index

БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ АНДОЗАГИРӢ ВА АРЗЁБИИ РУШДИ “САБЗ” ДАР МИНТАҚАҲО

Мақола ба яке аз масъалаҳои мубрами иқтисодӣ бахшида шуда, дар он гузариш ба иқтисодиёти сазб ва андозагирии он дар назария ва амалия баррасӣ гардидааст. Моҳияти иқтисодиёти сабз ва иқтисодиёти даврагӣ кушода дода шуда, марҳилаҳои гузариш ба иқтисодиёти сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст. Методологияи арзёбӣ ва нишондиҳандаҳои стратегии рушди “сабз ”, ки аз ҷониби ниҳодҳои байналмилалӣ таҳия шудаанд, мавриди таҳлили қиёсӣ қарор гирифтаанд. Нишондиҳандаҳои оморӣ оид ба таъсири моддаҳои зарарнок ба атмосфера дар миқёси Тоҷикистон ва минтақаҳои он бо истифода аз усули “декаплинг” таҳлил карда шудааст. Чораҳои зарурӣ ҷиҳати андозагирии иқтисодиёти сабз ва самаранокии он пешниҳод гардидаанд.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 9, № 2 (соц.-гум.)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3078-395X
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан