БАЪЗЕ ҶИҲАТҲОИ ҶАЛБИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ БА СИЁСАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ ТОҶИКИСТОН
Масъалаҳои ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат бо коррупсия дар шароити Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ба бархе ҷанбаҳои ин масъала равшанӣ бахшида шудааст. Зикр гардидааст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат бо коррупсия , хусусан дар самти пешгирии ин зуҳуроти номатлуб метавонад нақши муассире дошта бошад. Ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ дар самти муқовимат бо коррупсия муҳим дониста мешавад. Дар асоси таҳлили натиҷаҳои таҳқиқот ва мониторнинги Статегияи зиддикоррупсионии Тоҷикистон хулоса шудааст, ки дар шароити Тоҷикистон ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат бо коррупсия чандон самаранок намебошад. Омилҳои таъсиррасон ба ҳолати мазкур зикр гардидаанд. Ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддикоррупсионии ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби мақомоти махсусгардонидашудаи муқовимат бо коррупсия тавсия карда мешавад.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 107, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП