БАЪЗЕ АЗ ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ АНДОЗБАНДӢ ДАР ИҚТИСОДИ ОМЕХТА
Дар мақола баъзе принсипҳои асосии андозбандӣ барои иқтисодиёти омехта мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шудаанд. Дар низоми принсипҳои пешниҳодгардида, ки якпорчагии онҳо бар асоси асоснокнамои пайвастаи унсурҳои таркибии он муайян карда мешавад, принсипҳои алоҳидаи андоз ба ҳамдигар мухолифанд, ҳамон тавре ки худи андозҳо табиатан мухолифи якдигаранд. Ҳамзамон, принсипҳои фоиданокӣ ва қобилияти пардохтпазирӣ , ки ду ҷанбаи асосии низоми муносибатҳои молиявиро инъикос мекунанд, аз ҷумлаи ғояҳои ибтидоӣ ва бунёдии андозбандӣ арзёбӣ гардидаанд. Дар асоси гуфтаҳои боло метавон ба хулосае омад, ки принсипҳои фоиданокӣ ва пардохтпазирӣ , ки ду ҷанбаи асосии низоми муносибатҳои молиявиро инъикос мекунанд, аз ҷумлаи ғояҳои ибтидоӣ ва бунёдии андозбандӣ мебошанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 2.1 (41)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет