БАЪЗЕ АВЛАВИЯТҲОИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАРОИТИ ИМРЎЗА
Авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар шароити имрўза мавриди таҳлил қарор дода шудаанд. Зикр шудааст, ки авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон як чизи исто ва статикӣ набуда, вобаста ба замон ва шароитҳои рушди кишвар ва муносибатҳои байналмилалӣ метавонанд тағйир ёбанд. Авлавиятбахшӣ дар сиёсати хориҷӣ зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, ҳолати рушди дохилии кишвар, хусусиятҳои рушди муносибатҳои байналмилалӣ, амалисозии лоиҳаҳои мухталифи давлатӣ, омилҳои тамаддунӣ, худмуҳофизатӣ аз хатарҳои берунӣ ва мақоми давлат дар сатҳи байналхалқӣ ва ғ. сурат мегирад. Авлавиятҳои доимӣ ва заминавию ҳолатӣ дар сиёсати хориҷӣ тавсир шудааст. Масоили таъмини амнияти кишвар ва ҳизфи суботи он дар арсаи байналмилалӣ, мустаҳкам намудани ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ , ба кишвари содиротӣ табдил додани Тоҷикистон, рушди муносибатҳои иқтисодӣ бо дигар субъектҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ба роҳ мондани муносибатҳои сулҳдўстона бо кишварҳои ҳамсоя, тарғиби симои мусбати кишвар дар сатҳи байналмилалӣ, пешгирии нобудшавии пиряхҳои кишвар ва омўзиши таҷрибаи кишварҳои дигар ҳамчун авлавиятҳои муҳимми сиёсати хориҷӣ баррасӣ шудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 3 (92)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП