Central AsianResearch Index

БАЪЗЕ ҶАНБАҲОИ ТАШАККУЛИ ИҚТИСОДИЁТИ ИНДУСТРИАЛӢ-АГРАРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Раванди татбиқи саноатикунонии босуръат ва низоми индустриалӣ-аграрӣ дар минтақаҳои кишвар бо назардошти иқтидорҳои истеҳсолии соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қайд шудааст, ки асосҳои ташаккулёбии иқтисодиёти индустриалӣ-аграрӣ ва самаранокии раванди амалишавии ҳадафҳои гузошташуда ҳамчунин аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо роҳи қабули стратегия ва барномаҳои соҳавӣ муайян карда шудааст. Раванди ислоҳот дар иқтисодиёти кишвар ва самараи он дар рушди соҳаи саноат баррасӣ гардидааст. Нишондиҳандаҳои соҳаи саноат вобаста ба минтақаҳои кишвар ва рушди соҳа дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Самтҳо ва тавсияҳои илмӣ дар самти рушди соҳаи саноат пешниҳод гардидааст.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 107, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП