БАЪЗЕ ҶАНБАҲОИ РУШДИ «МАБЛАҒГУЗОРИИ САБЗ» ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар мақолаи пешниҳодшуда тамоюлҳои муосир ва равишҳо ба масъалаҳои рушди низоми «маблағгузории сабз» дар ҷаҳон таҳлил шудаанд. Принсипҳои асосӣ ва асбобҳои молиявии инноватсионие, ки дар таҷрибаи ташкилотҳои молиявӣ ва қарзии кишварҳои тараққикарда истифода мешаванд, ҷудо карда шуданд. Ҳамчунин, динамикаи рушди барориши «облигатсияҳои сабз» дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон барои пешбурди «иқтисоди сабз» дар кишварҳои ин минтақаҳо нишон дода шудааст. Таҳлили рушди «маблағгузории сабз» дар Тоҷикистон гузаронида шуда, мушкилоти асосӣ ҷудо ва тавсияҳо барои суръат бахшидани рушди низоми «маблағгузории сабз» дар кишвар пешниҳод гардидаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 4 (43)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет