Central AsianResearch Index

БАЪЗЕ ҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВИИ МУНОСИБАТҲОИ МУТАҚОБИЛАИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Муносибатҳои байниҳамдигарии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди таҳқиқи назариявӣ қарор гирифта, зикр шудааст, ки масъалаи таъсири мутақобилаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доимо дар маркази тавааҷҷӯҳи олимон ва мутфаккирони давру замонҳои гуногун қарор дошт. Дар асоси таҳлили назарияҳои мухталиф моделҳо ва вижагиҳои ҳамкории давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муайян карда шудаанд. Исбот шудааст, ки низоми сиёсии демократӣ шарти зарурии ҳамкории мавзуни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, рушди муносибати мутақобилаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифта, ҳамкории давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шарти зарурии таъмини суботи иҷтимоию сиёсӣ ва рушди устувори ҷомеа шинохта шудааст.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 94, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП