Central AsianResearch Index

БАЪЗЕ ҶАНБАҲОИ БАҲСНОКИ ТАЪИНИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ КОРҲОИ ИСЛОҲӢ

Дар мақолаи мазкур баъзе ҷанбаҳои баҳсноки таъини ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллифон, андешаҳои олимони ватанию хориҷиро баррасӣ намуда, баъзе ҷанбаҳои баҳсноки таъини ҷазоро дар намуди корҳои ислоҳӣ масъалагузорӣ намуда, хулосаҳои асоснок пешниҳод намудаанд. Зимни таҳқиқоти худ муаллифон хулосабарорӣ намудаанд, ки дар замони муосир, ки ҷараѐни гуманизатсия намудани ҷазоҳои ҷиноятӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон бо суръат идома дорад, таъин ва иҷрои корҳои ислоҳӣ ҳамчун ҷазои ҷиноятӣ мубраммияти бештарро касб менамояд. Зеро ҷазои мазкур нисбатан инсондӯстона буда, барои ислоҳи маҳкумшуда мувофиқ мебошад. Зимни таъини ҷазои корҳои ислоҳӣ баъзе мушкилоти ҳалталаб ҷой дошта, таҳқиқу баррасии ҷудогонаро тақозо менамоянд. Аз ҷумла, масъалаҳои доираи шахсоне, ки таъини корҳои ислоҳӣ нисбати онҳо инмконнопазир мебошад; ҳадди поѐнӣ ва ниҳоии муҳлати таъини ҷазои корҳои ислоҳӣ ; таъини ҷазои корҳои ислоҳӣ нисбати ноболиғон ва монанди инҳо.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 2, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3079-1758
Издатель
Таджикский педагогический институт в Раштском районе