Central AsianResearch Index

БАРРАСИИ РУБОИЁТИ ЗИЁУДДИНИ ХУҶАНДӢ

Зикр мегардад, ки ҳарчанд Зиёуддини Хуҷандӣ шоири ғазалсаро буд, дар “Девон”-и 165 рубоӣ ҷойгир шудааст, ки дар онҳо ормон ва андешаҳои адиб баён ёфтаанд,. Таҳлили рубоиёти шоир нишон медиҳад, ки 85 адади он дорои радиф аст, ки аз 1 то 5 калимаро дар бар мегирад. Аксари рубоиёти шоир сеқофияӣ буда, танҳо 30 адади он чаҳорқофияӣ мебошаду халос. Забони рубоиёти содаву табиӣ буда, дар онҳо мавзӯоте аз қабили мадҳ , ҳаҷв, ҳасби ҳол, ишқ ва ғайра баён шудааст.Рубоиҳои мадҳияи шоир, ки дар аксари онҳо нидои “шоҳ” истифода шудааст, ҷолиби диққатанд. Ба таҳлили рубоиҳои ҳаҷвии шоир, ки дар онҳо муносибатҳои шахсӣ бар иҷтимоӣ афзалият доранд, диққати махсус дода шудааст. Зикр гардидааст, ки чунин ашъори ҳаҷвӣ дар асри XII дар девонҳои амалан ҳамаи шоирони бузург, аз қабили Хоқонӣ, Ҷамолуддини Исфаҳонӣ, Рашиди Ватвот ва дигарон дучор мешаванд.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 1 (86)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП