Central AsianResearch Index

БАРРАСИИ МУШКИЛОТИ БОНУВОН ДАР КОНТЕКСТИ ЖАНРИ МАҚОЛА ДАР НАШРИЯИ «СУХАНИ ХАЛҚ» (солҳои 2018-2020)

Хусусиятҳои инъикоси масоили ҳаёти бонувон дар нашрияи “Сухани халқ”, ки нашрияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба шумор меравад, баррасӣ шудааст. Нақши жанри мақола дар баррасии масъалаи зӯроварии оилавӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Зикр гардидааст, ки дар давоми солҳои 2018-2020 дар нашрияи “Сухани халқ” оид ба ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти занон 44 мавод нашр шудааст, ки 14 тои он (31,8%) ба мавзуи хушунату зӯроварӣ нисбат ба зан аз ҷониби шавҳар ва хушдоман бахшида шудааст. Таъкид шудааст, ки яке аз масоили мубрами ҳаёти ҷавондухтарон баъди ба шавҳар баромадан идомаи таҳсил мебошад, ки баъзе хушдоманон ва шавҳарон ба он монеа мешаванд ва кор то ҷудошавии оила мерасад. Имкониятҳои жанри мақола дар инъикоси масоили марбут ба хушунат ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Хулоса шудааст, ки таваҷҷуҳи доимии нашрия ба масоили бонувон, бахусус хушунати оилавӣ нисбат ба занон аз мубрами ин мавзуъ шаҳодат медиҳад.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 101, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП