БАРРАСИИ МУРОДИФОТИ ИФОДАГАРИ МАФҲУМҲОИ БЕМОРӢ ДАР ГӮЙИШҲОИ ҶАНУБИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Дар мақола баъзе хусусиятҳои муродифоти луғавиро дар асоси маводи гӯйишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ баррасӣ менамоем. Омӯзиши ташаккули муродифҳо дар гӯйишҳои тоҷикӣ таҳқиқталаб буда, паҳлуҳои гуногуни низоми луғавии забонро дар бар мегирад. Мафҳумҳои марбут ба беморӣ ва ҳолатҳои физиологии инсон яке аз қадимтарин ва муҳимтарин бахшҳои таркиби луғавии забонро ташкил медиҳанд. Як қатор омилҳои забонӣ ва ғайризабонӣ, аз ҷумла муҳити ҷуғрофӣ, урфу одат ва тарзи зиндагии мардум, боис гардидаанд, ки калимаҳои ифодагари мафҳумҳои бемориҳо силсилаи васеи муродифиро ба вуҷуд оранд. Таҳлили мухтасари ин воҳидҳо дар гӯйишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ нишон медиҳад, ки таркиби луғавии забони зиндаи халқ дорои имкониятҳои фаровони маъниофаринӣ буда, тавассути калимасозӣ , сермаъноӣ ва иқтибос доимо ташаккул меёбад. Масъалаи таносуби калимаҳои сохтаву мураккаб ва таҳаввули маъноии онҳоро дар гӯйишҳо ҳамчун яке аз мавзуъҳои ҷолиби баҳс дар забоншиносии муосир баррасӣ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки хусусиятҳои забонии ин қабати луғавиро дар доираи гӯйишҳои ҷанубӣ муайян ва гурӯҳбандӣ намоем. Дар асоси таҳлилу баррасиҳо чунин хулосагирӣ менамоем, ки низоми ташаккули калимаҳои ифодагари мафҳумҳои бемориҳо дар гӯйишҳо дорои як қатор хусусиятҳои барҷаста буда, он дар такмили таркиби луғавии забони адабӣ нақши муҳим мебозад.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 10, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан