Central AsianResearch Index

БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБРАМИ ИНКИШОФИ НУТҚИ ХАТТИВУ ДАҲОНИИ МУҲАССИЛИН ДАР ДАРСҲОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Мақола ба баррасии масоили мубрами инкишофи нутқи шифоҳиву хаттии хонандагон дар дарсҳои забони тоҷикӣ ихтисос ёфтааст. Қайд карда мешавад, ки инкишофи нутқи шифоҳиву хаттӣ, тарбияи малакаи ибораю ҷумласозӣ ва содаю равон ифода кардани фикр аз вазифаҳои муҳими машғулиятҳои забони тоҷикӣ дар муассисањои таълими миёна ба ҳисоб меравад.Муаллифи мақола роҳҳои гуногуни инкишофи нутқи шифоҳиву хаттии хонандагонро пешниҳод менамояд. Нишон дода мешавад, ки луғатомӯзӣ, аз ёд кардани матн, руҷӯъ кардан ба масоили қаблан баррасигардидаи грамматикӣ ва таҳлили сохтори ҷумла аз роҳҳои самараноки он инкишофи нутқи шифоҳиву хаттии хонандагон ба ҳисоб меравад. Ин роҳу усулҳо бо овардани мисолу машқҳо ва иҷрои онҳодар ҷараёни дарсҳои забони тоҷикӣ собит гардидааст.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 4 (77)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова