Central AsianResearch Index

БАРРАСИИ ИСТИЛОҲОТИ СОХТАИ ТИББӢ БО ЁРИИ ПАСВАНДҲО ДАР “ДОНИШНОМА”-И ҲАКИМ МАЙСАРӢ

Мақолаи мазкур ба корбурди пасвандҳои дар ташкили истилоҳоти сохтаи тиббӣ бахшида шудааст. Муаллифи мақола дар бораи истилоҳ ва ташаккули истилоҳоти тиббӣ ибрози андеша намуда, то кунун ба пуррагӣ мавриди пажуҳиш қарор нагирифтани мероси қарни Х1-Х “Донишнома”-и Ҳаким Майсариро таъкид намуда, қайд намудааст, ки таҳқиқ ва омӯзиши осори ниёгон метавонад ба ташаккул ва густариши истилоҳоти тиббии забони тоҷикӣ мусоидат намояд. Яке аз роҳҳои асосии истилоҳнигории тоҷик бо роҳҳои калимасозӣ сохта шудани истилоҳ мебошад. Ба воситаи пасванду сохта шудани истилоҳоти илмӣ маъмултарин роҳи истилоҳсозӣ маҳсуб меёбад. Ҳаким Майсарӣ дар”Донишнома” аз ин усули калимасозӣ истифода бурда, тавассути пасвандҳо истилоҳоти тиббӣ сохтааст. Муаллиф дар мақола вожа ва истилоҳҳои зиёдеро аз ҷиҳати сохтор ва маъниӣ баррасӣ намуда, дараҷа ва мавқеи истеъмоли онҳоро нишон додааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 3 (116)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни