БАРНОМАҲОИ МУЪТАДИЛГАРДОНИИ ТАШКИЛОТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИЯВӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДИИ МАМЛАКАТҲОИ ҚАБУЛКУНАНДА
Дар мақолаи мазкур таъсири барномаҳои муътадилгардонии созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба рушди иқтисодиёти мамлакатҳои дар давраи гузариш қарордошта ва ҳамчунин, масъалаҳои амнияти иқтисодии ин мамлакатҳо дар шароити ҷаҳонишавии молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қайд гардидааст, ки унсури асосии барномаи муътадилгардонии Хазинаи байналмилалии асъорро сиёсати пулию қарзии танзимнамоии тавозуни пардохт ташкил дода, он на ҳамеша ба ҷанбаҳои амнияти иқтисодии мамлакатҳои сармоягузоришаванда мувофиқат менамояд. Аз нуқтаи назари муаллиф, дар шароити маблағгузории беруна хатарҳои асосии рушди иқтисодиёти мамлакатҳои дар давраи гузариш қарордоштаро сохтори номукаммали институтсионалӣ, инфрасохтори сусттараққикарда, нопурра фаъолият намудани бозорҳои мол ва омилҳои истеҳсолот дар бар мегиранд. Аз ин рӯ, маблағгузории беруна бояд ба таъмини раќобати комил, шаффофияти идоракунии давлатї, таъмини 162 моликияти хусусї, рушди маориф ва фаъолияти механизмњои бозории идоракунӣ, ки маҷмуан ислоҳоти институтсионалиро фаро мегиранд, равона гардад.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 2 (36)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет