БАРАНДАқИ ХУҷАНДИ ВА МАВқЕИ ӯ ДАР АДАБИЁТИ ФОРСИ-ТОҷИКИ
Ҷустуҷӯ дар аҳвол ва осори Барандақи Хуҷандӣ (тав. 1378-ваф.1438) ончунонки шоистаи ӯст сурат нагирифтааст. Бар асоси осори боқимондаи шоир муайян мегардад, ки ӯ асолатан аз Хуҷанд буда ва назари бархе аз муҳаққиқонро дар робита ба бухороӣ буданаш рад мекунад. Таъкид мегардад, ки бар асоси гуфтаи баъзе аз тазкиранависон девони шоир дар ҳудуди 20 000 байт буда аст, ки танҳо 2000 байти он тавассути китоби «Хулосат-ул-ашъор»-и Тақии Кошӣ ба дасти мо расидааст. Ашъори шоир дар қолаби қасида , газал ва қитъа эҷод шудаанд. Дар сурудани қасида шоир ба Хоқонии Шарвонӣ пайравӣ кардааст, ки дар ашъораш аз ӯ бо эҳтироми махсус ёдовар шудааст. Ғазалҳои боқимонда аз шоир бештар ба пайравӣ аз Ҳофиз эҷод шудаанд. Дар сурудани қитъа бошад ба Анварии Абевардӣ таваҷҷуҳ доштааст. Илова бар ин Барандақи Хуҷандӣ истеъдоди баланди танзгӯӣ дошта, ба ҷуз ин дар тиб ва ситорашиносӣ низ маҳорати хубе дошта, ки худи ӯ ба ин масъала борҳо таъкид кардааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 3 (88)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП