БАНАҚШАГИРИИ СТРАТЕГӢ ВА ҲУДУДӢ: РОБИТАИ МУТАҚОБИЛА ВА ҲАМОҲАНГСОЗИИ САМТҲО
Мақола ба таҳқиқи ҳамоҳангсозии самтҳои банақшагирии стратегӣ ва ҳудудӣ, таҳлили робита ва вобастагии онҳо дар контексти рушди устувори ҳудудҳо бахшида шудааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағирёбии иқлим, ҳамкории самарабахши ин ду самт ҷузъи муҳимми таъмини рушди мутавозини минтақаҳо ва кишвар мебошад. Мақола равишҳои асосии назариявӣ ва моделҳои амалии ҳамгироии банақшагирии стратегӣ ва ҳудудиро таҳлил мекунад, инчунин мушкилоти асосие, ки мақомот ҳангоми кӯшиши ҳамоҳангсозии ин равандҳо бо онҳо рӯбарӯ мешаванд, баррасӣ мешавад. Таҳлили механизмҳои мавҷудаи ҳамоҳангсозӣ ва нақши танзими давлатӣ дар таҳияи стратегияи комплексии рушди ҳудудҳо аҳамияти махсус пайдо мекунад. Мақола ба баррасии таҷрибаи муваффақ, ки ҳамоҳангсозии нақшаҳои стратегӣ ва ҳудудӣ дар соҳаи рушди устувор , беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ ва таъмини амнияти экологӣ ба натиҷаҳои назаррас расонидааст, равона шудааст. Тавсияҳо барои такмили моделҳои мавҷуда ва воситаҳои ҳамоҳангсозӣ , ки ба мушкилот ва тамоюлҳои нав ҷавоб медиҳанд, пешниҳод мешаванд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 1 (44)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет