БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ МАҲСУЛОТИ ҒИЗОИ ҶАНБАИ АСОСИИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ
Дар мақола стандартизатсия сифати маҳсулоти озуқаворӣ ва бехатарии истеъмоли он ба саломатии одам мавриди баррасӣ қарор дода шуда аст. Дар рафти омӯзиши самтҳои таъмини амнияти озуқаворӣ муайян карда шуда аст, ки унсури муҳими амнияти озуқаворӣ дар баробари сатҳи қонеъ гардонидани талаботи физиологии аҳолӣ ба ғизо ин истеъмоли хӯроки босифат мебошад. Барои таҳлили бемориҳо сироятие, ки тавассути ғизо миёни аҳолӣ паҳн мешаванд, зарур аст, ки истеъмоли маҳсулоти озуқаворӣ ба ҳар нафар аҳолӣ ва дараҷаи мувофиқ будани он ба меъёрҳои биологии истеъмолро омӯхта шавад. Дар асоси маълумотҳои оморӣ нишондиҳандаҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ , аз ҷумла гирифтори бемориҳои сирояткунада, ки тавассути маҳсулоти озуқавори мегузаранд ва дараҷаи истеъмол мувофиқи меъёрҳои физиологӣ, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ таъсир мерасонад таҳлил карда шуда аст. Вобаста ба мушкилоти ҷойдошта дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, муйян карда шуда аст, ки истеъмоли босифат нақши муҳим бозида, бо истифода аз стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ба мо кафолат медиҳад, ки бо як забон дар заминаи амнияти озуқаворӣ , ки дар тамоми ҷаҳон маъмуланд, муошират кунем. Дар мацола самтҳҳои баланд бардоштани сифат ва бехатарии ғизо, ки ба баланд бардоштани сатҳи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад пешниҳод гардида аст.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 2.1 (31)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет