Central AsianResearch Index

БАЛАНД БАРДОШТАНИ РАҚОБАТПАЗИРИИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ОМИЛҲОИ АСОСИИ ТАЪСИРРАСОН

Рақобатпазирии иқтисодиётро омилҳои зиёд муайян мекунанд, бинобар ин, барои таъмини он таъсири ҳар як омил ва таъсири мутақобилаи онҳоро ба назар гирифтан лозим аст. Рақобатпазирии иқтисодиёт метавон ба омилҳои беруна ва дохилӣ таъсир расонад. Мушкилоти рақобатпазирии иқтисодиёт, соҳаҳо ва кишварҳо яке аз масъалаҳои мубрами иқтисодии ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, зеро ба таҳлили он омилҳои зиёд, пеш аз ҳама, тағйирёбии суръати рушди иқтисодии кишварҳо, сатҳи бекорӣ, мавқеи ин ё он кишвар дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва ғайра таъсир мерасонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рақобатпазирии молу хидматҳои худ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад Дар шароити муосир ишғол намудани мақоми сазовор дар иқтисоди ҷаҳонӣ барои таъмини рушди устувори кишвар, болоравии некӯаҳволии шаҳрвандон ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҷаҳон зарур аст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 2 (45)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет