Central AsianResearch Index

БАДЕИЯТИ АШЪОРИ ҒАНИИ КАШМИРӢ

Мақола ба баррасии хусусиятҳои бадеии ашъори суханвари мумтози форсисарои қарни XVII Ҳиндустон - Муҳаммадтоҳир Ғании Кашмирӣ ихтисос ёфтааст. Тазаккур меравад, ки ин шоири нодирагуфтор бо осори гаронмоя, муҳассаноти диққату риққати маъонии худ, фикри варзида ва тарзу оҳанг дар равнақи сабки ҳиндӣ хидматҳои шоиста ба сомон расонидааст. Ғании Кашмирӣ дар истифодаи ҳунармандонаи саноеи бадеӣ эҳтимоми зиёд варзида, барои табйини маъноӣ ва лафзӣ пайдо намудани сухани худ аз навъҳои гуногуни он, хоса иҳому тамсил, ташбеҳу истиора, талмеҳ ва амсоли ин моҳирона корбаст намудааст, ки ҳама нуфузи арзишҳои ҳунарии каломи шоирро ифода мекунанд. Маҳорати Ғанӣ дар истифода аз воситаҳои бадеӣ ва инъикоси воқеъияти атроф арзиши осори шоирро ҳамчун сарчашмаи муҳимми омӯзиши поэтикаи адабиёти асримиёнагии форсӣ-тоҷикӣ тасдиқ мекунад. Таҳқиқи амиқи мероси адабии Ғании Кашмирӣ бештару пештар имкон фароҳам меорад, ки нақши барҷастаи ин суханвари мумтоз дар ташаккули адабиёти форсизабони Ҳиндустон ва равнақи сабки ҳиндӣ муцаррар карда шавад.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 4 (73)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова