“БАҲОРИ АҶАМ” – САРЧАШМАИ МУҲИММИ ШИНОХТИ РЕШАИ ВОЖАҲО
Шарҳи решашиносии унсурҳои луғавӣ дар фарҳангномаи асримиёнагии “Баҳори Аҷам” -и Рой Текчанд Баҳор баррасӣ шудааст. Дар заминаи маводи аз се ҷилди фарҳангномаи зикрёфта гирдомада андешаронии муаллифи “Баҳори Аҷам” -ро дар мавриди асли баромади вожаву ифодаҳои алоҳида баррасӣ намуда, дараҷаи мутобиқати онро бо назари муҳаққиқони муосир ошкор карда шудааст. Зикр гардидааст, ки Рой Текчанд Баҳор дар ҷараёни таҳлили мавод гоҳ ба таърихи зуҳури вожаҳо, гоҳ ба мансубияти забонии онҳо ва гоҳи дигар танҳо ба таҳаввулоти шаклияшон таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Таькид гардидааст, ки дар қиёс бо дигар фарҳангҳои тафсирии дар шибҳи қораи Ҳинд таълифёфта дар “Баҳори Аҷам” бештар калимаҳои ҳиндиасл оварда шудааст. Хулоса шудааст, ки дар “Баҳори Аҷам” ба этимологияи вожаву ибораҳои рехта диққати махсус додааст. Рой Текчанд Баҳор дар бораи дар заминаи ҳодисаю воқеаҳои реалӣ пайдо шудани воҳидҳои фразеологӣ андешаҳои хеле ҷолиб баён кардааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 106, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП