БАҳОДИҳИИ ИЦТИДОР ВА ТАМОЮЛИ НИШОНДИҳАНДАҳОИ АСОСИИ ҷАМЪОВАРИИ АНДОЗ ДАР ВИЛОЯТИ СУГД
Ҷанбаҳои назариявию методии ҷамъоварии андоз чун ҷузъи муҳими маъмурикунонии андоз таҳқиқ гардидааст. Тамоюли нишондиҳандаҳои воқеии ҷамъоварии андоз , инчунин дигар нишондиҳандаҳои иқтисодии минтақа арзёбӣ гардида, суръати тагйирёбии онҳо дар солҳои охир муайян ва шарҳ дода шудаанд. Афзоиши ҷамъоварии андоз ба буҷети минтақа таҳлил гардида, вазни қиёсии воридоти андозӣ дар қисми даромади умумии буҷети минтақа муайян карда шудааст. Иқтидори андозии минтақа бо роҳи арзёбии тамоюли тагйирёбии шумораи умумии андозсупорандагон ва намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ муайян карда мешавад. Дар заминаи таҳқиқ нишондиҳандаҳои арзёбии сифатии фаъолияти мақомоти андоз ва самтҳои беҳтар намудани самаранокии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ошкор карда шудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 2 (87)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП