ҲАЗИНИ ЛОҲИҶӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ НАҚДУ СУХАНСАНҶӢ ДАР “ДЕВОН”-И Ӯ
Дар адабиёти форсизабони Ҳинд нақди адабӣ , хусусан ҷавобнависӣ ба осори интиқодӣ ё ба ном нақди нақд ривоҷи хоса дошт. Рисолаҳои интиқодии Ғолиби Деҳлавӣ ва шогирдони ӯ ба “Бурҳони қотеъ”-и Муҳаммадҳусайни Бурҳон ва ҷавобҳои ҷонибдорони муаллифи фарҳанги машҳур намунаи беҳтарини чунин радду бадалҳои интиқодӣ мебошанд. Дар интиқоди ашъори яке аз суханварони маъруфи шибҳи қораи Ҳинд Ҳазини Лоҳиҷӣ дар замони зиндагонияш аз ҷониби Сироҷиддин Алихони Орзу , Фатҳалии Гардезӣ, Саҳбои Деҳлавӣ рисолаҳо таълиф гардидаанд. Адиб ва фарҳангнигори маъруф Вораста Мал Сиёлкутӣ ба ҷонибдории Лоҳиҷӣ ду рисола таълиф кардааст. Худи Ҳазин низ ҷо-ҷо дар девонаш дар байтҳою шеърҳои алоҳида ба интиқоди ашъораш ҷавобҳо гуфтааст. Зикр гардидааст, ки яке аз сабабҳои интиқоди ашъори Ҳазин ҳаҷвиёти ракики суханвар мебошад. Махсусан таъкид гардидааст, ки Ҳазини Лоҳиҷӣ дар бисёр ҷойҳои девонаш гурӯҳи нотавонбинону ҳарифон ва ҳасудонро мавриди мазаммату сарзаниш қарор додааст. Шоир бисёр масъалаҳоеро, ки мунаққидон мавриди танқид қарор дода буданд, шарҳу тавзеҳ дода ба чунин шеърҳо унвонҳои “Хитоб ба яке аз сахифон ва фурӯмоягон”, “Дар васфи худ ва интиқод ба беҳунарон”, “Дар замми баъзе асҳоби ғурур”-ро додааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 103, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП