Central AsianResearch Index

АЗ ТАЪРИХИ ТАЙЁР КАРДАНИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ҲУҚУҚШИНОСӢ (1947-1955)

Дар мақола масъалаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ дар ҶШС Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қайд мегардад, ки дар самти тайёр кардани мутахассисони ин соҳа нақши таъсиси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ва факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳи мазкур хеле назаррас мебошад. Дар мақола оид ба фаъолияти кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқ ҳамчун ниҳоди муҳими таълим, тарбия ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи илми ҳуқуқ маълумот баррасӣ мешавад. Зикр мегардад, ки дар ин давра олимони ҳуқуқшинос ба пажӯҳиши самтҳои гуногуни илми ҳуқуқ машгул гардида рисолаву таҳқиқотҳои худро интишор намуданд. Ҳамчунин доир ба ҳамкорӣ ва кӯмаки донишгоҳҳои ҷумҳуриҳои иттифоқӣ барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи ҳуқуқ дар Тоҷикистон маълумот оварда мешавад.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 2 (67)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова