АЗ ТАЪРИХИ ТАШКИЛЁБИИ МУАССИСАҲОИ ОЛИИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Мақолаи мазкур ба яке аз мавзуъҳои муҳим «Аз таърихи ташкилёбии муассисаҳои олии омӯзгорӣ дар вилояти Хатлон» бахшида шудааст. Муаллифон дар таҳқиқоти худ оид ба таърихи таъсиси донишгоҳҳои олии омӯзгорӣ дар вилояти Хатлон ва нақши онҳо дар тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ, ҳамзамон зинаҳои ташаккулёбии ин даргоҳҳои бонуфузи илму маърифатро дар замони Шӯравӣ ва дар давраи Истиқлоли давлатӣ баён намудаанд. Аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ халқи тоҷик аз пирӯзиҳои он сарфарозу ифтихорманд гашта, ҳaр як дастовардҳои онро эҳтиёткорона ҳифз менамояд. Албатта, вазъи нобасомони сиёсии ҷумҳурӣ дар ибтидои солҳои 90-ум ба мактабу маориф алалхусус муассисаҳои олии ҷумҳурӣ низ таъсири амиқи худро гузошт. Аз назари иқтисодӣ ҷумҳурӣ зиёда аз 7 млрд доллари амрикоӣ зарар дида аз ҷиҳати маънавӣ зарари расида ба пойгоҳи моддию таълимии донишгоҳҳои вилояти Хатлон таъсири бесобиқа расонид. Хусусан, тадбирҳои пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба донишгоҳҳои вилояти Хатлон бетаъсир намонда, пояи моддию техникии ин муассисаҳои олӣ торафт пурқувват мегардад ва ин тадбирҳо асоси баланд гардонидани сатҳу сифати таълим маҳсуб меёбад ва ташаккули ҳамаҷонибаи ҷомеа, умуман ояндаи кишвар аз вазъи ин муассисаҳои олӣ низ вобаста аст. Инчунин дар ин кор саҳми беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пушту паноҳи равнақи муассисаҳои олии омӯзгорӣ дар замони истиқлол мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Сведения
- Журнал
- Historian
- Опубликовано
- 2022 · № 3 (31)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2709-7382
- Издатель
- ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА