АЗ ТАЪРИХИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБИИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ
Дар мақолаи мазкур таҳлили илмию таҳқиқотӣ ба таърихи ташаккул ва рушди муассисаҳои томактабии ғайридавлатӣ дар замони Истиқлол равона карда шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар муассисаҳои таълимӣ муассисаҳои томактабӣ фаъолият менамоянд, ки мақсаду мароми онҳо тайёр кардани кӯдакон ба муассиса, ташаккули ҷаҳонбинии кӯдакон бо назардошти хусусиятҳои миллӣ, ҳифз ва таҳкими саломатии ҷисмонӣ ва руҳии кӯдак, таъмини инкишофи ҳаматарафаи кӯдак дар ҳамкорӣ бо оила мебошад. Бояд қайд намуд ки дар натиҷаи ғамхориҳои ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маорифи кишвар ба хусус дар рушди муассисаҳои томактабии ғайридавлатӣ пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд, ки боиси ифтихори миллати тоҷик мебошад. Натиҷаҳои таҳлили вазъи таълиму тарбияи томактабӣ дар кишвар нишон медиҳад, ки яке аз ҷанбаҳои асосии мушкилоти имрӯзаи соҳа нокифоя будани маблағгузории мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатӣ ба тарбияи томактабӣ ва диққати ҷиддӣ надодани мутассадиёни соҳа дар шаҳру ноҳияҳо ба таҳсилоти томактабӣ мебошад. Солҳои охир таъминоти муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ бо ашёи таълимӣ беҳтар гардида бошад ҳам, дар ин самт вобаста ба талабот, махсусан дар деҳот вазъият беҳбудиро талаб менамояд. Муассисаҳои таълимии томактабӣ ба мебел, мизу курсӣ ва кат, рахти хоб, таҷҳизоти варзишӣ, адабиёти бачагона, бозича ва асбобҳои аёнии таълимӣ ниёз доранд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 5 (118)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни