АЗ ТАЪРИХИ ПЕШРАФТИ СОҲАИ СОХТМОН ДАР ТОҷИКИСТОНИ ШИМОЛӢ (СОЛҲОИ 1925-1936)
Мақола ба масъалаи пешрафти соҳаи сохтмон дар Тоҷикистони шимолӣ дар солҳои 1925-1936 бахшида шудааст. Қайд мешавад, ки дар давраи мазкур дар соҳаи сохтмон асосан артелҳои “ Сохтмончиён ” нақши марказиро иҷро мекарданд. Ин гуна артелҳо дар маркази ҳар як ноҳия амал менамуданд. Ҳамчунин пешрафти саноати коркарди масолеҳи сохтмонӣ ва зиёд шудани талабот ба биноҳои маъмурию истиқоматӣ боиси рушди соҳаи сохтмон гардид. Дар мақола сарраввал оид ба заминаҳои таърихию сиёсӣ ва ҳуқуқии ташкилёбии ташкилотҳои соҳаи сохтмон дар мамлакат маълумот дода шуда, дар он қарорҳои КМ ҲК ИҶШС ва ҶШ Тоҷикистон, низомномаҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқиву сиёсӣ тадқиқ шудаанд, ки бевосита барои ташкили артелҳои соҳаи сохтмон заминаи мусоид фароҳам оварда буданд.Ба таърихи омӯзишу таҳқиқи ташкилу фаъолият ва ташаккули артелҳои соҳаи сохтмон хоса артели “ Сохтмончиён ” - и шаҳри Хуҷанд диққати бештар равона шудааст. Дар асоси маълумоти мавҷуда ба паҳлӯҳои гуногуни масъала рӯшанӣ андохта шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 4 (73)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова