АЗ ТАЪРИХИ МАКТАБҲОИ АВВАЛИН ДАР ШАРҚИ ҚАДИМ
Мақола ба таърихи мактабҳо ва таълиму тарбия дар Шарқи қадим дар мисоли Байнаннаҳрайн ва Миср бахшида шудааст. Кӯшишҳои аз ҷиҳати назариявӣ асоснок кардани таълиму тарбия дар аҳди қадим ба вуҷуд омадаанд. Мактаб ва маорифи Шарқи қадимро ҳамчун як чизи нисбатан мутараққӣ ва дар айни замон натиҷаи инкишофи хоси ҳар як тамаддуни қадими Шарқ, ки хусусиятҳои устувор доштанд, донистан лозим аст. Чун қоида мактабҳо барои фарзандони оилаҳои озод ва сарватманд пешбинӣ шуда буданд. Шарти зарурии пайдоиши муассисаҳои мактабӣ эҳтиёҷоти давлат ба шахсони бомаърифат буд, ки мақсад иҷрои ҳисобу китоб, навиштани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирифт. Барои омода кардани котибон дар Миср мактабҳо ташкил мешуданд. Таҳсил дар мактаб як кори бонуфуз буда, барои болоравии касбии кормандони ояндаи давлатӣ имкониятҳои бузург фароҳам меорад. Омӯзгорон ба хотири бедор кардани хоҳиши хонандагон ба таълиму тарбия дар баробари китобҳои дарсӣ миқдори зиёди матнҳои ибратбахш эҷод мекарданд. Адабиёти шумерӣ бевосита барои тарбияи хонандагон пешбинӣ шуда, зарбулмасалу мақол, муколама ва баҳсҳо ва саҳнаҳои ҳаёти мактабро дар бар мегирифт.
Сведения
- Журнал
- Historian
- Опубликовано
- 2025 · № 2 (42)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2709-7382
- Издатель
- ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА