Central AsianResearch Index

АЗ ТАЪРИХИ ИДИ ГУЛҲО ДАР ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ (ИБТИДОИ АСРИ ХХ)

Дар асоси маводи этнографӣ ва таҳлили адабиёти илмӣ баъзе ҷанбаҳои ташкил ва баргузории иди гулҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистони Шимолӣ дар ибтидои асри ХХ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Сараввал моҳияти маросими гулгардонии “бойчечакхонӣ”, ки кӯдакону наврасон қабл аз оғози ҷашни Наврӯз барпо мекарданд, кушода дода шудааст. Сипас дар бораи баргузории иди гулҳо –“” Сайри гули лола ”-и мардуми Исфара, “Сайри гули сурх” дар дигар минтақаҳои тоҷикнишин, ташкили чорабиниҳои идона бахшида ба об ва гулҳо – “Сайри Шайхон” дар деҳаи Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Гафуров ва ғайра маълумот дода мешавад. Ба ифтихори иди гулҳо сайри оммавӣ бо шодиву сурури мардум баргузор мегашт. Таъкид шудааст, ки ин идҳои мардумӣ ҳамчун парастиши бедории табиат баргузор мегардид ва пеш аз ҳама хусусияти локалӣ (маҳаллӣ, маҳдуд)-ро дошт.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 95, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП