Central AsianResearch Index

АЗ ТАЪРИХИ ГУСТАРИШИ МАСЕҲИЯТ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

Мақола ба таърихи ворид ва паҳншавии дини масеҳӣ дар Осиёи Миёна бахшида шудааст. Қайд карда мешавад, ки масеҳият яке аз мазҳабҳои цадима буда, дар музофотҳои шарқии империяи Рим пайдо шудааст. Минбаъд вобаста ба шароити таърихӣ ба ҷойҳои дигар, аз ҷумла Осиёи Миёна паҳн шудааст. Дар бораи паҳншавии мазҳаби номбурда ёдгориҳои бостоншиносӣ, аз қабили биноҳои калисо , дайрҳо, навиштаҷоти динӣ бо забонҳои сугдӣ, суриёнӣ ва туркӣ маълумот медиҳанд. Тазаккур меравад, ки хизмати несторианҳо - пайравони дини масеҳӣ, ки аз империяи Рим ба Эрон омада, минбаъд ба тарафи Осиёи Миёна, Туркистони Шарқӣ, Ҳафтрӯд ҳаракат кардаанд, дар паҳнкунии таълимоти масеҳӣ калон аст. То омадани арабҳо масеҳиён дар Осиёи Миёна нуфузи калон дошта, калисо ва митрополияи худро дошта, минбаъд аз тарафи ощо танг карда шуданд. Дайруо ба масҷидҳо табдил дода шуданд. бар ин, сарчашмаҳои хаттии асримиёнагй дар бораи мавҷудияти калисоҳои масеҳй дар дигар шаҳру деҳоти марказии Осиёи Миёна хабар медиҳанд.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 3 (72)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова