Central AsianResearch Index

АЗ ТАЪРИХИ ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО ВА МУНОСИБАТИ ФАРҲАНГУ ТАМАДДУН

Мақола аҳамияти таърихӣ-иҷтимоӣ дошта, дар он оиди вожаҳои фарҳанг , маданият, тамаддун ва култура аз нигоҳӣ луғавӣ ва истилоҳӣ сухан меравад. Муаллиф бо истифода аз сарчашмаҳои илмӣ-соҳавӣ масъалаи мазкурро мавриди ҳаллу фасл қарор додаанд. Аз ҷумла қайд намудаанд, ки фарҳанг як амри зеҳнӣ ва тамаддун як амри айнӣ аст ва ба ибораи дигар, фарҳанг маънавӣ ва тамаддун моддӣ аст. Фарҳанг маҷмӯаи донишҳо ва ҳунарҳо аст, ки одамӣ фаро мегирад ва ба василаи он худ, дигарон ва перомуни хешро беҳтар ва бештар мешиносад. Бояд қайд намуд, ки муаллифон асолати илмии мақоларо кафолат дода, мутолиаи онро ба доираи васеи хонандагон тавсия медиҳанд. Метавон гуфт, фарҳанг бахши нармафзор ва тамаддун бахши сахтафзори як миллат аст. Ҳар фарҳанг ва тамаддун идомаи фарҳанг ва тамаддуни пешини худ аст. Аз нигоҳи дигар метавон фарҳангро зербино ва тамаддунро рӯбино таъриф кард, ки дар ин баѐн таъсир ва таассур амри ҷудонопазири ин ду мафҳум аст. Имрӯз фарҳанг ба шакли падидаи зербиное барои иллати бисѐре аз авомили иҷтимоӣ аз қабили пошидагии сохторҳои суннатӣ, буҳрони ҳуввият, масъалаи арзишӣ ва ғ. талаққӣ шудааст.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 2, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3079-1758
Издатель
Таджикский педагогический институт в Раштском районе