АЗ ТАЪРИХИ ДИГАРГУНСОЗИҲОИ КИШОВАРЗИ ДАР ҶМШС ТОҷИКИСТОН
Фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ ва комитети инқилобии ҶМШС Тоҷикистон оид ба амалӣ гардонидани сиёсати аграрӣ ва ҳалли мушкилоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Таъсиси Комиссариати халқии зироаткорӣ, Саридораи хоҷагии об, Анбори давлатии кишоварзӣ ва Фонди давлатии тухмӣ заминаҳои воқеии татбиқи сиёсати кишоварзии Ҳукумати Шӯравиро дар ҷумҳурӣ бунёд гузоштанд. Масъалаҳои зерини амалӣ гардонидани тадбирҳои иҷтимоӣ ва аграрӣ дар деҳоти тоҷик ба риштаи таҳлил кашида шудаанд: бозгардонидани муҳоҷирон аз Афгонистон, ба деҳқонон додани замин, ба деҳқонон додани қарзи давлатӣ, ташкили интихобот ба шӯроҳои маҳаллӣ ва гайра. Усулҳои рафъи қафомонии деҳқонон, ки монеаи асосӣ дар роҳи татбиқи ислоҳоти замину об дар ҶМШС Тоҷикистон ба шумор мерафтанд, зикр шудаанд. Таҷрибаи мазкури огози солҳои 20-уми қарни ХХ дар солҳои аввали соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, вақте ки мамлакат бо мушкилоти мушобеҳ рӯ ба рӯ гардид, муфид буд.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 3 (88)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП